Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Ҳолбрук абармарди сиёсати хориҷии ИМА буд


Ричард Ҳолбрук

Ричард Ҳолбрук

Ричард Ҳолбрук, фиристодаи президенти Амрико дар умури Афғонистону Покистон, рӯзи гузашта дар Вашингтон дар синни 69-солагӣ даргузашт. Вай рӯзи 10 декабр ногаҳон дар мулоқот бо вазири хориҷаи Ҳилларӣ Клинтон беҳол шуд ва дафъатан барои муоина ба шифохонаи наздик ба вазорати хориҷаи Ҷорҷ Вошингтони Амрико интиқол дода шуд.

Рӯзи баъд табибон дар ҷараёни амалиёти ҷарроҳии 21-соата талош карданд бо пайомадҳои кафидани шараёни қалб мубориза баранд, вале натиҷа надод. Баъди як ҷарроҳии дуюмбора ва бо ҳолати вазнин ӯ ниҳоят рӯзи душанбе дар ҳалқаи хонаводааш ҷон дод. Аксар давлатмардоне, ки дар дохилу хориҷ аз сарнавишти дипломати собиқадор нигарон буданд, даргузашти ӯро як фоҷеа унвон карданд.

«Абармарди сиёсати хориҷии ИМА»


Исми Ҳолбрук дар таърихи сиёсии Амрико ба унвони дипломате ҳифз хоҳад шуд, ки дар имзои созишномаи сулҳи Дейтони Босния миёнҷигӣ карда, фаъолона дар мақоми фиристодаи хоси президент Барак Обама дар Афғонистон ва Покистон таъин шуд. Обама аз Ҳолбрук ҳамчун як бузургмарди воқеии сиёсати хориҷии Амрико буд:

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз Ричард Ҳолбрук ҳамчун абармарди сиёсати хориҷии Амрико ном бурд
Ӯ гуфт: “Ричард Ҳолбрук ба ин миллат тақрибан 50 сол аз як ходими ҷавони сафорат дар Виетнам то мақоми тарроҳи созише хизмат кардааст, ки ба хатми кушторҳо дар Босния, пешбурди сиёсати мо дар Афғонистону Покистон ва дигар нуқоти доғ замина гузошт. Вай яке аз абармардони сиёсати хориҷии Амрико буд”.

Дар изҳороти вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфта шуд, ки кишвар яке аз қаҳрамонҳои пуриқтидор ва сарсупурдаи хадамоти давлатиро аз даст дод. Ӯ афзуд, ки ҳамеша ба машварату гуфтаҳои оқои Ҳолбрук гӯш медод.

Таъзияи раҳбарони кишварҳо

Яке аз аввалинҳо шуда таъзияи худро аз даргузашти дипломати баландпоя мақомоти Покистон ва Афғонистон изҳор карданд. Президент Осифалии Зардорӣ аз ӯ ба унвони як дӯсти Покистон ёд карда Ҳомиди Карзай гуфт, аз даргузашти як дипломати собиқадору варзида такон хӯрдааст.

Аҳмадзиё Сиёмак, сухангӯи президенти Афғонистон, гуфт: “Мо аз даргузашти Ричард Ҳолбрук, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистону Покистон, сахт мутаассир ҳастем. Даргузашти ӯ як талафот аст. Ва мо аз тариқи шумо ба мардуми Амрико, ҳукумати Амрико ибрози тасаллият мекунем”.

Ким Сунг Ҳван, вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Ҳолбрук як дӯсти кишвараш буд ва хабари даргузашти ӯ такондиҳанда будааст.

Як соли кори Ҳолбрук дар минтақа

Масъулияти Ричард Ҳолбрук ба унвони фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон соли 2009 шурӯъ шуд. Вай дар ин муддат даҳҳо сафари кориро ба минтақа ва ҷумҳуриҳои атрофи он, аз ҷумла Тоҷикистон анҷом дода, дар баробари мақомот ҳамчунин бо дипломатҳову кормандони баландпояи давлатӣ, соҳибкорону кормандони созмонҳои имдодрасон ва мутахассисоне мулоқот кардааст, ки дар иҷрои стратегияи Амрико дар Афғонистон саҳм мегузоранд.

Ҳарчанд худи ӯ рисолатҳояшро хеле мушкил арзёбӣ мекард. Дар яке аз ҷаласаҳои конгресс ӯ гуфта буд, ки “ин душвортарин корест дар корномаи” ӯ, вале агар медонист, ки он ғайри қобили иҷро асту ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад, ба он даст намезад.

Мегӯянд, ки ҳанӯз моҳи апрели имсол духтурҳо ӯро маҷбур карданд барои муолиҷаву нармкунии ҷараёни хуни рагҳояш бистарӣ шавад.

Миёнҷии сулҳи Босния


Дар таърихи сиёсати хориҷии Амрико исми Ҳолбрук ба унвони нафаре сабт хоҳад шуд, ки бо миёнҷигии имзои созишномаи Дейтон дар соли 1995 амалан ба хатми ҷангҳо дар Босния замина гузошт. Ҳамон замон бархе сиёсатмадорон ба хотири иродаи қавиву сарсахтиҳояш барои сари мизи музокира нишондани ҷонибҳои даргир ба ӯ лақаби “Булдозер”-ро ихтисос доданд.

Баъдан худи Ҳолбрук хотироташро аз он солҳо дар китоби зери унвони “Ба хотири хатми ҷанг” дар соли 1998 навишта кард. Маҷаллаи амрикоии “Time” ӯро барои пешбурди дипломатияи мушкилтарин дар марҳилаи хеле сахт ҳафт маротиба ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кардааст.

Баъд аз сари ӯ ҳамсараш журналист Кети Мертон бо ду писараш монданд.
XS
SM
MD
LG