Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи "Ҷамоати уламои исломӣ" аз эътилофи ҳукмрон


Ҳизби “Ҷамоати уламои исломӣ” аз эътилофи ҳукмрон дар парлумони Покистон берун шуд. Раиси ҳизб Фазлурраҳмон ин тасмимро чун эътироз ба барканории намояндаи ҳизб Ҳамид Сайид Козимӣ аз мақоми вазири умури дин арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, ки ду вазири дигар ҳам аз мақомҳояшон истеъфо медиҳанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Козимӣ баъд аз бархӯрди лафзӣ бо як вазири дигар дар пояи моҷарои марбут ба фасод мақомашро тарк намудааст.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки тасмими ҳизби “Ҷамоати уламои исломӣ” шояд субот дар ҳукумати Покистонро зери суол барад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG