Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин вакили африқоинажод дар Сейми Лаҳистон


Дар Лаҳистон нахустин дар таърихи кишвар вакили африқоинажоди парлумон савганд ёд кард. Ҷон Годсони 40-сола зодаи Нигерия аст ва соли 1993 ба Лаҳистон муҳоҷират карда, баъд аз ҳафт сол шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шуд. Годсон дар гузашта пастори калисои протестантӣ буд. Ӯ дар интихоботи миёнадавраӣ ба Сейм пирӯз шуд.
Дар Лаҳистон тақрибан 4 ҳазор зодагони қораи Африқо кору зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG