Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музаффар Ҳусейнов - сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд?


Тошканд барои пазируфтани Музаффар Ҳусейнов дар мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбакистон розӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Азия-плюс” бо такя ба як манбааш дар доираҳои дипломатии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, қаблан мақомоти Ӯзбакистон номзадии Шӯҳрат Султоновро ба ин мақом рад карда буданд. Шӯҳрат Султонов, сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия чанд рӯз пеш бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафири кишвар дар Украина таъин шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Бобохон Маҳмадов “ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш”, тавре дар амри раисиҷумҳур зикр шуда буд, аз раҳбарии сафорати Тоҷикистон дар Тошканд канор рафт
XS
SM
MD
LG