Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи як таҳқиқот роҷеъ ба раҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ


Маркази саросарии омӯзиши афкори умумии Русия натиҷаи таҳқиқоти худ роҷеъ ба ҷойгоҳ ё рейтинги раҳбарони ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар миёни аҳолии Русия ва муносибати ин кишвраҳо бо Русияро нашр кардааст.
Мутобиқи ин таҳқиқот аз ҳама бештар, яъне 32% пурсидашудагон Нурсултон Назаробоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва дар муқобил 1% Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷинстонро шарики боэътимоди Русия унвон кардаанд.

Бино ба маълумоти мазкур, ки онро пойгоҳи интернетии Маркази омӯзиши афкори Русия нашр кардааст, инчунин 17 дарсади пурсидашудагон аз Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, 16 дарсад аз Александар Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, 4 дарсад аз Серж Саргсян, раиси ҷумҳури Арманистон, 5 дарсад аз Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва ду дарсадӣ аз Ислом Каримов, Роза Отунбоева ва Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов, раисони ҷумҳуриҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба унвони шарки боэътимод ёд кардаанд.

Тибқи ин назарсанҷӣ ҳамчунин як дарсади мардуми Русия ба раҳбари Молдова Михай Гимпу эътимод доштаанд.

Маркази омӯзиши афкори умумии Русия ҳамчунин кишварҳои ба назари сокинони Русия нисбатан босубот ва муваффақро низ муайян кардааст.

Боз ҳам Қазоқистон ба назари 34% шаҳрвандони Русия кишвари нисбатан босубот ва муваффақ номида шудааст. Ба думболи он 31% Белорусия, 19% Украина, 9% Арманистон, 6% Озарбойҷон, 5% Турманистон ва Молдова, 3% Узбакистон ва Гурҷистон, 2 % Қирғизистон ва 1% Тоҷикистонро кишвари босубот ё устувор ва муваффақ унвон кардаанд.

Бар асоси назарпурсии мазкур ҳамчунин бештари пурсидашудагон, яъне 37% Қазоқистонро ба унвони ҳамкори боэътимоди Русия ном бурдаанд. Ва танҳо 1% аз ин пурсидашудагон аз Тоҷикистон ва Гурҷистон ба унвони кишварҳои ҳамкори мӯътамади Русия ном бурдаанд.

Ин назарсанҷӣ аз сӯи Маркази омӯзиши афкори умумии Русия дар таърихи 23 - 24 октябри соли 2010, бо ширкати 1600 нафар дар 46 вилоят ва ҷумҳурии Русия ва 134 маҳалли маскунӣ доир шудааст.
XS
SM
MD
LG