Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андӯҳи сиёсатмадорон аз даргузашти Ҳолбрук


Мақомоти феълӣ ва собиқи бисёр кишварҳо аз даргузашти дипломати амрикоӣ Ричард Ҳолбрук изҳори андӯҳ кардаанд. Тонӣ Блэр, нахуствазири пешини Бритониё, изҳор намуд, ки Ҳолбрук дар бунёди сулҳу адолат дар олам саҳми бузург дошт. Аҳмад Зиё Сиёҳмак, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки Кобул даргузашти Ҳолбрукро талафоти бузург мехонад.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар изҳороте дар робита ба даргузашти Ричард Ҳолбрук ӯро яке аз шахсиятҳои бузурги сиёсати хориҷии Амрико номид ва гуфт, ки “Ҳолбрук тақрибан 50 сол ба кишвар хизмат карда, фаъолияти дипломатии ӯ Амрикоро нерӯмандтар, амнтар ва мӯътабартар сохтааст”.
Ричард Ҳолбрук, ки тайи ду соли ахир фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон буд, рӯзи душанбе дар бемористоне дар Вошингтон аз олам даргузашт. Ӯ охири ҳафтаи гузашта пас аз кафидани раги шарёни дил ҷарроҳӣ шуд ва дар вазъи сангин карор дошт.
XS
SM
MD
LG