Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи раъйдиҳии қабл аз вақт дар Белорус


Дар Белорус панҷ рӯз қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар беш аз шаш ҳазор қитъаҳои интихоботӣ раъйдиҳии қабл аз вақт шурӯъ шуд. Котиби Комиссиюни Марказии интихоботии Белорус Николай Лозовик ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, ки ин раъйдиҳӣ то 18 декабр идома хоҳад кард. Дар робита ба шурӯъи раъйдиҳии пеш аз вақт кормандони вазорати умури дохилии Белорус дар ҳоли омодабош қарор гирифтанд.
Номзадҳои мухолифи ҳукумат ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мардум даъват карданд, ки аз раъйдиҳии қабл аз вақт худдорӣ кунанд, зеро ин, ба гуфтаи онҳо, як василаи тақаллуб аз сӯи мақомоти кишвар аст.
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус, ки рӯзи 19 декабр баргузор мешавад, даҳ довталаб, аз ҷумла, раисиҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG