Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳ аз тариқи бешазори Химкӣ бунёд мешавад


Шоҳроҳи Маскав-Петербург аз тариқи бешазори Химкӣ бунёд мешавад. Ба гуфтаи Сергей Иванов, муовини нахуствазири Русия, дар ҷаласаи комиссиюни ҳукуматӣ тасмим гирифта шуд, ки бунёди ин шоҳроҳ аз тариқи бешазори Химкӣ то охири соли 2013 анҷом ёбад. Ҳукумати Русия барои ҷуброни муҳитизистӣ аз бунёди ин шоҳроҳ 4 миллиард рубл сарф хоҳад кард.
Евгения Чирикова, сарвари ҷунбиш барои дифоъ аз бешазори Химкӣ тасмими комиссиюни ҳукуматиро ғайриқонунӣ мехонад, зеро, ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури Русия бунёди ин шоҳроҳро мутафаққиф кардааст ва фақат ӯ метавонад амри худро лағв кунад.
Моҳи август баъд аз эътирозҳои зиёди ҳомиёни муҳити зист ва ба хотири баррасии дубораи мавзӯъ Дмитрий Медведев бунёди шоҳроҳи Маскав-Петербург аз тариқи бешазори Химкиро мутаваққиф карда буд.
XS
SM
MD
LG