Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмонпараст: Сиёсати хориҷии Эрон тағйир намеёбад


Эрон эълом дошт, ки баъди барканории Манучеҳр Муттакӣ аз мақоми вазири умури хориҷӣ сиёсати ҳастаӣ ва хориҷии кишвар тағйир нахоҳад хурд. Ин изҳорот ахиран аз сӯи Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Теҳрон пах шуд.
Рӯзи душанбе раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод вазири умури хориҷӣ Манучеҳри Муттакиро барканор ва ноиби раисиҷумҳур, раиси Оҷонси нерӯи ҳастаӣ Алиакбари Солеҳиро кафили раёсати идораи сиёсати берунаи кишвар таъин кард. Дар паёми кӯтоҳе дар торнамои худ, Аҳмадинажод аз хидматҳои Муттакӣ дар беш аз панҷ соли фаъолияташ сипосгузорӣ карда, аммо сабаби барканории ӯро ташреҳ накардааст.
Мақомоти Эрон пайванди тасмими барканории Манучеҳри Муттакӣ бо музокироти Теҳрон бо шаш кишвари пешрафтаи олам дар Женева оид ба барномаи ҳастаии кишварро рад мекунанд. Қарор аст, ки ин музокирот охирҳои моҳи оянда дар шаҳри Истамбули Туркия идома ёбад.
XS
SM
MD
LG