Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду низомии покистонӣ дар ҳамлае дар Мӯҳманд


Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар минтақаи Мӯҳманд, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ду сарбози ҳукуматӣ кушта ва дасти кам шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин минтақа амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи толибон ва мусаллаҳони созмони “Ал-Қоида” идома дорад. Рӯзи 6 декабр дар Мӯҳманд бар асари ҳамлаи ду маргталаб ба сарони қабоили пуштибон аз ҳукумат 43 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG