Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оинаи зиндагӣ маро фиреб дод


Дар ҳузурам ва дар ғайбам маро духтари пеши маҳалла ном мебурданд. Чунки дар ҳусну ҷамол касе аз духтарони ҳамсолам ба ман баробар набуд. Ин таърифу бардор бардорҳо ба ҷое расид, ки ман дигар натанҳо волидонам, балки муаллимонро дар мактаб писанд намекардам.


Ҳаминишину ҳамдилу ҳамфикрам танҳо ва танҳо оина буду халос, оинаи қаднамои ҳуҷраи дасрстаёркуниам. Он ҷои дугонаҳои ҳасуд ва низ модару хоҳаронамро, ки ҳамеша кӯшиши насиҳат додани маро мекарданд, гирифта буд ва соатҳои зиёдро дар назди оина мегузаронидам. Ҳар боре, ки дар рӯ ба рӯяш менишастам, ҳуснамро, қаду болоям ва чашмони шаҳлову хуморам зулфони пурпечу марғуладорамро он қадар ситоиш мекард, ки гумон мекардам, замин дар зери поям вуҷуд надорад. Дарсу панди устодон аз бари гӯшам убур мегузашт.

Ҳанӯз дар синфи ҳаштум мехондам, ки борҳо боиси ҷангу хархаша ва ҳатто кордкашии писарони ҳаммактабам гашта будам. Баъзан якбора ба ду-се нафар ваъдаи вохурӣ медодам. Хушдоронам аз миёни мардони зандор низ кам набуданд.

Падару модарам аз тарси аз даст додани обрӯяшон маро аз мактаб гирифтаву дар фикри ба шавҳардоданам афтоданд. Домоди мувофиқ ҳам пайдо шуд. Ҷавоне аз маҳаллаи боло, ки дар донишгоҳ мехонаду хонадводаашон баобрӯву таҳсилкарда буд, хостгорӣ омаданд.Туйи бодабдаба кардаву маро ба хонаи шавҳар гусел карданд.

Ҳамагӣ ним сол оина маро ба ҳолам гузошт. Аниқтараш ман кӯшиш мекардам бо ӯ рӯ ба рӯ нашавам, вале нашуд. Нигоҳҳои шаҳватхоҳи ҳамсоя, ки қариб ҳамсоли падарам буду мувофиқи шунидам дар бонк кор мекарду мошинҳои хориҷиашро зуд-зуд иваз мекард, маро моил гардонд.

Шабе ҳамасарм, ки ба шубҳа афтода буд, маро поид саргарми бусу канор дарёфту талоқамро дод. Ҳамагӣ як сол дар хонаи падар аз нигоҳҳои кунҷковонаи занони ҳамсоя панаҳ бурдам. Вале аз оина натавонистам пинҳон шавам. Дар ҳама ҷо маро меёфт ва бо садои пасту пурасрор, вале барои гӯши ман шунаво мегуфт, ин ҳусну ҷамолро ҳайф аст, ки дар паси ин деворҳо пинҳон кунӣ, вақт ғанимат аст...

Акнун ман як боғи сабзу пурмеваро мемондам ,ки девори пастаке дорад ва ҳар роҳгузаре метавонад аз меваи он даҳон ширин кунаду пасон ба ақибаш нигоҳ накарда роҳашро идома диҳад. Ман дигар на ҳисоби чунин раҳгузаронро медонистаму на ҳисоби тифлони дар батнам куштаамро.

Падарам ба ғайбати мардум ва беобрӯӣ тоб наоварда гирифтори сактаи дил шуда вафот кард. Панҷ сол баъди ӯ модарам низ бо ин дунё падруд гуфт. Бародаронам ҳатто номи маро шунидан намехоҳанд. Акнун тарзи зиндагие, ки ман интихоб карда будам, маро дар гирдобаш он қадар печида буд, ки раҳоям кардан намехост. Синну солам аз 40 гузаштаасту на хонаи обод дорам ва на дӯсту хешу ва ягон ҳамнишин. Оиина ҳам аз ҳамнишинӣ бо ман дигар ҳазар мекунад. Борҳо мехостам худкушӣ кунам, вале ин ҳам аз дастам бар наомад.

Ҳодисае иттифоқ уфтод, ки маро аз хоби гарон гуё бедор кард ин буд, Боре дар як туйи хешованди дурамон ҳузур доштам. Лаҳзаҳои омад-оамади арӯсу домод буд. Ман сари дастурхон нишаставу ба сӯҳбати занон гӯш медодам. Ҳамин вақт як зани меҳмон, ки ки ҳозиринро хуб намешинохт, ба ман рӯ оварда гуфт, ку хоҳарам, хез ҳамин чодари арӯсро ба девор зан. Ба фикрам дар ҳамин маърака аз худат дида зани зебову қоматбаланд ва хушбахт дигар нест. Ин лутфи зани меҳмон, ки маро ҳам ҳайратзада ва ҳам саросема карда буд, намедонистам чӣ кор кунам. Занони дигар, ки маро бо диққат наззора мекарданд илоҷи дигаре наёфта аз ҷой нимхез шуда будам, ки модари домод ба хона даромада аз оринҷи он зани меҳмон гирифта, ӯро як песонду гуфт: эҳе, хуб зани хушбахтата ёфтӣ, хола. Як чизеро, ки намедонӣ, хап шину ҳамон меҳмонита дон. Руй дорам диданиву... Ҳоло давомашам мегуфтам, дар пеши мардум айб мешуд, гуфта ба кадоме аз занҳо муроҷиат кард: хез амма, худат чодари келинама бизан....

Гуё ба сарам касе як сатил оби сардеро рехта бошад, пайкарамро ларза гирифт. Туйхона ба назарм ба як занӯбрхоае табдил ёфт ва ҳарферо дигар шунида натавонистам. Оби дида мисли пардае пеши чашмонамро пӯшида буд, ки калавида-калавида туйхонаро тарк кардам. Роҳе ки маро ба манзили иҷораам бурд, он қадар дуру ноҳамвор намуд, ки дар лобалои он тамоми зиндагиам мисли лентаи кино аз пеши назарам гузашт. Ва охири роҳ танҳо фикре, ки ба сарам зад худкушӣ буд. Вале дар хонаи мардум ҷоеву асбобе барои ин кор пайдо набуд ва тамоми ғазабамро сари оина рехтам. Онро бо мушт зада, ба мисли дили пора порааи худ шикастам.

Инак даҳ сол аст, ки бо оина қаҳриям. Ҳоло марди тақводоре барои савоб маро ба никоҳаш даровардааст. Бароям хона харид. Зиндагиамро таъмин мекунад ва андак-андак зангори дилам шуста мешавад. Вале руйи хонае агар гаҳвораи сабзеро ва ё ҷуфти хушбахтеро дар иҳотаи хешу табор ва ёру дустон бубинам, хоки замин мешавам.

Дар ҷое ин мисраҳоро хондаму ба муаллифи он аҳсан гуфтам:

Ғофил машав зи умр, ки чун киштие дар об,
Истода менамояду чун тир меравад...


Ман ин қиссаи зиндагиамро танҳо ба он хотир ифшо кардам, ки ҷое корагар шавад, ба гӯше бирасад ва сангеро аз пеши пое барчинад.

Мастура, сокини шаҳри Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG