Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созмонҳои ғайридавлатӣ шарики давлатанд, на рақиб"


Масъулони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон мегӯянд, ташкилотҳои иҷтимоӣ нерӯи қавии кӯмакрасон ба ҳукумат дар ҷиҳати тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳастанд. Ин матлаб дар саввумин форуми миллии созмонҳои ғайридавлатӣ, ки рӯзи 14 декабр доир шуд, баён гардид.

Шамсиддин Каримов, раиси «Бунёди рушди Тоҷикистон» ба Озодӣ гуфт, хело аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои густариши фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамкории созандеро ба роҳ мондааст.

Аммо ӯ мегӯяд, мутаасифона дар сатҳи маҳаллҳо, ҳамкории густарда миёни созмонҳои иҷтимоӣ ва бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ба таври бояду шояд ба чашм намерасад.

Раиси «Бунёди рушди Тоҷикистон» мегӯяд: «Ҳанӯз ҳам мафкураи бархе аз масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ нисбати фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ғаразнок буда, дар симои ташкилотҳои иҷтимоӣ рақиб ва агар дағалтар гӯем «душман» -ро мебинанд».

Шамсиддин Каримов, ибрози умедворӣ кард, ки севвумин форуми миллии созмонҳои ғайридавлатӣ, зимни баррасии мушкилоти ташкилотҳои иҷтимоии Тоҷикистон битавонад бо масъулони ҳукумат низ ин масъаларо баррасӣ ва роҳи ҳалли онро пайдо кунад.

Ин дар ҳолест, ки Мазҳабшо Рӯзадоров, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин форум бар ҳамкории наздики ҳукумат бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ таъкид кард.

Ӯ гуфт: "Ҳар пешниҳоду таклифи созмонҳои ғайридавлатӣ ба инобат гирфта шуда, мушкилоти мавҷуд дар роҳи фаъолияти онҳо рафъ хоҳад шуд».

Омодагии ҳукумат барои ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳолест, ки аксари раҳбарони ин созмонҳо мушкилоти молӣ, яъне дарёфти маблағ аз сӯи давлат барои роҳандозӣ ва иҷрои лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоиро монеъе кори худ медонанд.

Маблағ - мушкили созмонҳои ғайридлавлатӣ


Ба таъкиди бештари раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолияти онҳо бо сармоя ва маболиғи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ​, аз тариқи грантҳо ё кӯмакҳои бебозгашт амалӣ мешавад.

Форуми созмонҳои ғайридавлатӣ зимни таҳияи лоиҳаи «Консепсияи миллии рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ миёни давлат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ин масъаларо барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳол кардааст.

«Давлат алоқаманди мушорикати СҒД дар сиёсат нест»

Бурибек Бурибеков, раҳбари Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Қалам» дар вилояти Бадахшон мегӯяд, мақомоти давлатӣ хоҳони фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар сиёсат нестанд.

Ӯ гуфт: «Барои мақомоти давалатӣ зербинои умури сиёсӣ ва рушди иҷтимоии кишвар муҳим аст. Зеро вақте ки вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум беҳбуд ёфт, сиёсат низ хуб хоҳад шуд».

Бештари таҳлилгарон, созмонҳои ғайридавлатиро як неруи қавӣ ва мубориз намедонанд. Зеро ба таъкиди онҳо бо вуҷуди фаъолияти беш аз 3 ҳазор ташкилоти ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон, то ҳол ин созмонҳо ба як ҷунбиш табдил нашудаанд ва аслан сару садое баланд намекунанд.

Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик мегӯяд: «Танҳо бо баргузории семинару кофебрейкҳо наметавон мушкилоти ҷомеаро аз байн бурд. Ҳол он ки ин созмонҳо маблағҳои ҳангуфте аз сӯи созмонҳои ғайридавлатӣ дарёфт мекунад, аммо ҳеҷ таҳарруке ва ё ҷунбише ба роҳ намемонанд, ки мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар ҳал шавад».
XS
SM
MD
LG