Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: "Муҳим сиёсати давлати Эрон аст, на шахси вазири хориҷа"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба барканории Манучеҳр Муттакӣ гуфтааст: «Он чи аҳамият дорад сиёсати давлати Эрон аст ва ин, ки чи касе вазири хориҷӣ аст, чандон муҳим нест.»

Хонум Клинтон афзудааст, ки Эрон «оғози хубе» барои музокироти ҳастаӣ доштааст ва барканории вазири хориҷаи ин кишвар набояд ин музокиротро таҳти таъсир қарор диҳад.

Тағйири сиёсат муҳим аст то афрод

Ба гузориши Ройтерз, хонум Клинтон гуфт: «равобити мо дар баробари Эрон бо таваҷҷуҳ ба афрод таъриф намешавад ва дар баробари кишвар ва давлат аст, ки хеле ҳам аз қазо печида аст ва ба ҳамин далел ҳаргуна музокира ва ё тасмимгирӣ бисёр сахт ва душвор аст зеро, ки фақат бо як канал( дипломатӣ) рӯбарӯ нестем.»

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе дар Канада ва пас аз дидор бо вазирони хориҷаи Канада ва Мексика ба хабарнигорон гуфт: «Ин, ки чи касе вазири хориҷа бошад барои мо муҳим нест ва барои мо сиёсати давлати Эрон аҳамият дорад.»

Солеҳӣ ба ҷои Муттакӣ

Пойгоҳи иттилоърасонии раиси ҷумҳури Эрон рӯзи душанбе эълом кард, ки Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар аз симмати худ барканор шуда ва Алӣ Акбар Солеҳӣ ба унвони сарпарасти вазорати умури хориҷаи ин кишвар мансуб шудааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар номае хитоб ба Манучеҳр Муттакӣ аз « хизматҳо»-и вай дар даврони раҳбарии вазорати хориҷа қадрдонӣ кардааст.

Вай дар ҳукми дигаре, Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомиро ба унвони сарпарасти вазорати умури хориҷаи Эрон мансуб кардааст. Оқои Солеҳӣ бо ҳифзи симмат ба унвони раиси Созмони энержии атомӣ, ӯҳдадорӣ вазорати хориҷа мешавад ва бояд ба маҷлис муаррифӣ шуда ва дар сурати касби раъйи эътимод, ба унвони вазири хориҷа мушаххас хоҳад шуд

Барканории оқои Муттакӣ аз симмати худ дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ, вай ҳамакнун ба манзури расонидани паёми Маҳмуди Аҳмадинажод ба раиси ҷумҳури Сенегал, дар ин кишвари африкоӣ ба сар мебарад.

Ин барканорӣ, нахустин тағйир дар давлати даҳуми Эрон ба шумор меравад, ки дар натиҷаи интихоботи ҷанҷолии соли гузашта рӯи кор омад

Олмон: Эрон ба гуфтугӯҳои атомӣ идома диҳад

Олмон ҳам рӯзи душанбе аз Эрон хост ба рағми тағйирот дар дастгоҳи дипломатӣ, музокироти атомиро ҷиддӣ гирифта ва ба он идома диҳад.

Гайдо Вестервелл, вазири умури хориҷаи Олмон рӯзи душанбе дар Брюксел гуфт: “Мо умедворем ки музокироте, ки дар Женева оғоз шуд идома пайдо кунад. Ба ҳар ҳол, гуфтугӯҳо шакл гирифтаанд ва набояд ба далели тағйироти сиёсӣ, ба ҳам бихӯрад.”

Олмон ба ҳамроҳи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амният, мавсум ба гурӯҳи панҷ ба иловаи як, пас аз чаҳордаҳ моҳи таваққуф дар гуфтугӯҳо, музокирот бо Эронро дар Женева оғоз карданд ва қарор аст даври баъдии гуфтугӯҳо, моҳи ояндаи мелодӣ дар Истанбул дунбол шавад.
XS
SM
MD
LG