Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти дипломати саршиноси амрикоӣ Ричард Ҳолбрук


Дипломати амрикоӣ, Ричард Ҳолбрук, ки намояндаи вижаи президент Барак Обама дар Афғонистон ва Покистон буд ва касе, ки гуфта мешавад, ҷанги Босниро хотима дод, рӯзи душанбе дар синни 69-солагӣ дар шаҳри Вашингтон аз олам даргузашт.

Ҳолбрук рӯзи 10-уми декабр ҳангоми мулоқот бо вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон бемор шуд ва аз он ҷо ба бемористони Ҷорҷ Вашингтон интиқол ёфт. Пизишкон ӯро дар давоми 21 соат ҷарроҳӣ карданд ва шикоферо, ки дар шоҳраги ӯ пайдо шуда буд, дӯхтанд.

Рӯзи якшанбе даври дуввуми ҷарроҳии ӯ ҷараён гирифт ва вазъаш ҳамоно сангин боқӣ мемонд. Дар ҳоле, ки аҳли хонадонаш дар атрофи ӯ ҷамъ омада буданд, раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ва ҳамтои покистонии ӯ Осиф Алӣ Зардорӣ барояш занг задаву шифои зуд мехостанд.

Амрико дипломати аршади худро аз даст дод

Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон изҳороте мунташир кард, ки дар он гуфта мешавад, мамлакат "яке аз қаҳрамонони оташини хеш ва ходими фидоии ҷамъиятиро аз даст дод."

Клинтон гуфт, рӯи машваратҳои ӯ ҳисоб мекард ва ба пешсафии давлатмарде мисли ӯ такя мезад. Дар изҳорот марги Ҳолбрук як рӯйдоди хеле дардовар номида шудааст.

Дар камтар аз ду соате, ки мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида даргузашти Ҳолбрукро тасдиқ карданд, раисиҷумҳури кишвар, Барак Обама, дар қабуле бо ширкати дипломатҳои амрикоӣ ва хориҷӣ аз даҳсолаҳои хидмат ва комёбиҳои дипломатии Ҳолбрук ситоиш кард ва ӯро яке аз "поймардони сиёсати хориҷии Амрико" унвон кард. Обама Ҳобрукро дар соли 2009 фиристодаи вижа барои Афғонистон ва Покистон таъин карда буд.

Дар ин мақом Ҳолбрук даҳҳо бор ба минтақа сафар кард ва бо сарони ҳарду кишвар роҳҳои татбиқи стратегияи мулкии Кохи Сафед барои Афғонистонро баррасӣ намуд. Вай ба фаъолияти зиёда аз 1000 дипломат, ниҳодҳои зербиноӣ, кӯмакҳо ва мутахассисон идорӣ, ки дар бозсохти Афғонистон ширкат мекунанд, сарварӣ менамуд. Вай масъули асосии умури ҷанги нӯҳсола ва кушоиши роҳи сулҳ дар Афғонистон буд ва мегуфт, "ин мушкилтарин вазифа дар тамоми фаъолияти корияш будааст." Аммо меафзуд, агар ба муваффақияти кораш бовар намедошт, онро бар зимма намегирифт. Дар моҳи апрел пизишкон ӯро маҷбур карданд, муваққатан аз кор даст кашад, то онҳо битавонанд, рагҳои вариди ӯро поккорӣ кунанд.

Меъмори созишномаи сулҳи Дейтон

Ҳолбрук беш аз ҳама бо нақшаш дар таҳияи созишномаи сулҳи Дейтон дар соли 1995 машҳур буд, ки ба ҷанги Боснӣ хотима гузошт. Вай он вақт муовини вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида буд. Ҳолбрук карйераи дипломатияшро дар зери пайомадҳои ҷанги Ветнам дар соли 1963 оғоз кард. Вай ҳамагӣ 35 сол дошт, ки ба мақоми ёвари вазири умури хориҷӣ дар умури Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Ором расид.

Дар солҳои 1970 вай талошҳои комёбонаи Вашингтонро дар эътидоли равобит бо Чин сарварӣ кард. Сипас, дар солҳои 1993-94 сафир дар Олмон буд ва дар гуфтушунид бо раисиҷумҳури вақти Югославӣ Слободан Милошевич масъалаи хуруҷи нерӯҳои югославӣ аз Косоворо ҳал кард. Ин дар ҳоле буд, ки нерӯҳои мазкур ба поккориҳои қавмӣ дар ин ҷо айбдор мешуданд. Дар соли 1999, раисиҷумҳур Билл Клинтон ӯро сафири Амрико дар Созмони Милал таъин кард.

Марги ӯ ба рӯзҳои рост омад, ки Кохи сафед дар арафаи нашри бознигарии стратегияи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон аст. Ҳолбрук дар таҳияи он нақш дошт ва барои итмоми он талош мекард. Дар давраи кораш дар Кохи сафед зери дастури раисиҷумҳури вақти Амрико Линдон Ҷонсон вай бахше аз "Дафтарҳои Пентагон"-ро навишта буд, ки як пажӯҳиши дохилии ҳукумат дар ҷараёни ҷанги Ветнам буда, иттилоеро фаро мегирифт, ки дертар ба сафҳаи матбуот рехт ва моҷарои бузурге ба миён овард.
XS
SM
MD
LG