Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳии порлумони Италия ба сарвазир Берлусконӣ


Сарвазири Италия, Силвио Берлусконӣ, агар райъи эътимоди порлумонро ба даст наорад, аз вазифа барканор хоҳад шуд. Дар арафаи баррасии масъала дар ҷаласаи муштаракаи ҳарду палатаи порлумон, Берлусконӣ, ки ахиран ба моҷароҳои фасод ва фаҳш олудааст, ваъда дод, ки агар аз раъйдиҳӣ гузарад, бо мӯътадилон ҳукумати нави эътилофӣ таъсис хоҳад дод. Интизор меравад, Берлусконӣ раъйи эътимод хоҳад гирифт, вале агар шикаст хӯрад, дар нимаи даври савуми панҷсолааш аз мақоми сарвазир истеъфо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG