Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни давраҳои омӯзишии САҲА барои марзбонони тоҷик


Бо имдоди Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе зиёда аз 40 афсари нерӯҳои марзбони Тоҷикистон давраҳои омӯзиши ҳирфаиро хатм карданд. Раиси ин дафтар, Ивар Викки ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ин таҳсил ба афзоиши маҳорати касбии марзбонон, ошноии онҳо бо таҷҳизот ва барномаҳои нави марзбонӣ дар ҷаҳон ва таҳкими ҳифзи марзи байни Тоҷикистону Афғонистон мусоадат хоҳад кард. Вай афзудааст, ҳамаи таҷҳизот ва моликияти марбут ба давраҳои омӯзишӣ ба Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон тақдим хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG