Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии амнияти узбактаборон дар дидор бо шаҳрдори Уш


Дар дидори шаҳрдори Уш бо ҷомеаи узбактаборони ин шаҳр дар ҷануби Қирғизистон масъалаи амнияти аҳолӣ ва афзоиши одамрабоӣ баррасӣ шуд. Шаҳрдор Мелс Мирзакматов ба сарони ҷамоаҳои узбактабор итминон дод, ки мақомот барои таъмини амнияти онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд кард. Уш яке аз саҳнаҳои даргирии байни қирғизҳо ва узбактаборон дар моҳи июни имсол буд, ки бар асари онҳо зиёда аз 400 нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар аз манзилҳои хеш маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG