Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории Манучеҳри Муттакӣ аз мақоми вазири умури хориҷӣ


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, вазири умури хориҷӣ Манучеҳри Муттакиро аз мақомаш барканор кард. Дар паёми кӯтоҳе дар торнамои худ, Аҳмадинажод аз хидматҳои Муттакӣ дар зиёда аз панҷ соли кораш сипосгузорӣ карда, аммо сабаби тағйирро шарҳ надодааст. Ноиб-президенти Эрон, Алиакбари Солеҳӣ, ки ҳамчунин музокиракунандаи аршади Эрон дар гуфтушунидҳои марбут ба барномаи ҳастаии кишвар аст, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷӣ таъин шуд.
XS
SM
MD
LG