Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар Русия


Чаҳор сарвари мухолифони Русия тасмим гирифтанд, ҳизби нави сиёсиеро таъсис диҳанд. Онҳо ҳамчунин аз раҳбари Шӯравии пешин, Михаил Горбачев хостаанд, ба ин ҳизб пайвандад. Қарор аст, ҳизби Озодии мардуми Русия дар интихоботи ояндаи порлумонӣ ва президентӣ дар соли 2012 ширкат варзад. Ин ҳизб бо ташаббуси рақибони деринаи Кремлин, Рижков, Борис Немтсов, Владимир Милов ва сарвазири собиқ Михаил Касянов таъсис меёбад.
XS
SM
MD
LG