Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор ширкати хориҷӣ ҳамчунон довталаби баргузории ташхиси пайомадҳои зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи «Роғун» ҳастанд. Тибқи баъзе хабарҳо, ахиран музояда тавассути Комиссиюни давлатӣ дар ширкати «Барқи Тоҷик» баргузор шуд, аммо ҳеҷ аз ин ширкат баррандаи тарҳ нашудааст.

Чаҳор ширкати хориҷӣ ҳамчунон довталаби баргузории ташхиси пайомадҳои зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи «Роғун» ҳастанд. Тибқи баъзе хабарҳо, ахиран музояда тавассути Комиссиюни давлатӣ дар ширкати «Барқи Тоҷик» баргузор шуд, аммо ҳеҷ аз ин ширкат баррандаи тарҳ нашудааст.

Масъулон мегӯянд, дар ин музояда ширкатҳои довталаб пешниҳодоту тавсиаҳои худро ба комиссияи давлатии тендерӣ ироа кардаанд, ки пас аз омӯзиши ин санадҳо марҳалаи ниҳоии музояда барои интихоби ширкати ғолиб баргузор хоҳад шуд.

Ташхиси зистмуҳитиву иҷтимоии неругоҳи «Роғун» аз талабҳои аслии Узбакистон аст, ки ин кишвар тарҳи мазкурро таҳдиде барои таъмини муҳити зист медонад.

Музоядаи бенатиҷа

Сироҷиддин Саидов, сардори раёсати сохтмони асосии вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд, чаҳор ширкати довталаби хориҷӣ танҳо санадҳо ва пешниҳодоти худро ба кумиссиюни тендерӣ ироа кардаанд.

Ӯ афзуд: «Як бор тендер гузаронида шуд, аммо як ширкат иштирок дошт. Тибқи муқаррароти Бонки Ҷаҳонӣ, як ширкат наметавонад дар тендер иштирок ва барранда шавад. Ба ин хотир ҳоло чаҳор ширкат иштирок доранд ва дар ин тендер санадҳо ва пешниҳодоти онҳо ба коммиссияи тендерӣ ироа карданд. Ба Бонки Ҷаҳонӣ низ пешниҳод гардид. Акнун Бонки Ҷаҳонӣ мебинад ва таърихи баргузории тендери ниҳоиро маълум хоҳад кард».

Як моҳе қабл иҷрои ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ба консорсиуми байналмилалии иборат аз се ширкати Аврупо вогузор шуд. Ҳарчанд исми ин се ширкат, ки фаронсавӣ, итолёвӣ ва бритониёӣ ҳастанд, маълум аст, аммо масъулони давлати Тоҷикистон аз гуфтани номи чаҳорум ширкати довталаб худдорӣ мекунанд.

Вале як масъули Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон гуфт, танҳо пас аз баргузории тендер ва баранда шудани яке аз ширкатҳои хориҷӣ маълумоти муфассал дар бораи ширкатҳои довталаб дода хоҳад шуд.

Ибтидои соли ҷорӣ худи Тоҷикистон низ музоядаеро барои интихоби ширкати воридкунандаи таҷҳизот барои нерӯгоҳи «Роғун» баргузор кард, аммо боз ҳам исми ин ширкати дохилӣ маълум нашуд. Зеро масъулони давлатӣ аз он ҳарос доштанд, ки Узбакистон дигар бору таҷҳизоти ин ширкатро, ки барои неругоҳи Роғун ихтисос хоҳанд дошт, нахоҳад дод.

Тағйири шеваи тарғиби сохтмони Роғун


Аммо ҳамакнун хомӯшии масъулони давлатӣ дар мавриди ширкатҳои довталаби хориҷӣ барои анҷоми ташхиси зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи «Роғун» ба хотири чист?

Меҳрварзи Ҳақҷӯ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, боз ҳам масъала Узбакистон аст: «Пас аз он ки дар ҷангҳои иттилоотӣ масъулони давлат ва порлумон низ эътироз карданд, ки мағлуб шуданд, ҳукумати Тоҷикистон тасмимҳояшро нисбати «Роғун» санҷида ва бо эҳтиёт мегирад. Зеро маъракаи густардае, ки дар мавриди саҳмияҳо дошт, давлати Тоҷикистон ба мухолифатҳои ҷиддии Узбакистон тамом шуд. Ва он ширкати олмонии «Ламаер», ки ташхиси платинаи неругоҳро бояд анҷом медод, аз сӯи Узбакистон мавриди ҳамала қарор гирифт. Ҳамакнун шояд давлат намехоҳад исми ин чаҳор ширкатро аз барои ҳарос ва ё чизи дигар аз Узбакистон, ифшо кунад».

Ин дар ҳолест, ки анҷоми ташхиси зистмуҳитӣ ва иҷтимоии неругоҳи «Роғун» аз талабҳои аслии Узбакистон аст. Зеро ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ин неругоҳро таҳдиди ҷиддӣ барои таъмини заминҳои кишташ бо об медонад ва шадидан мухолифи сохта шудани «Роғун» аст. Аммо мақомоти давлати Тоҷикистон борҳо ин идаъои ҷониби Узбакистонро бепоя хонда ва гуфтаанд, сохтмони «Роғун» омили танзими захоири об дар минтақа хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи «Роғун» таҳти васояти Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад ва бар асоси тавофуқ бо давлати Тоҷикистон низ, сармоягузории ин ду ташхис бар ӯҳдаи ин бонк аст.

Ҳарчанд иҷрои ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи «Роғун» ба се ширкати Аврупоӣ вогузор шудааст, аммо ба ҳисобҳои мутахаасисон барои сохтмони ин неругоҳ на камтар аз 3 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG