Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи тазоҳуроти омӯзгорони Қирғизистон


Ҳудуди 500 омӯзгори макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шимоли Қирғизистон имрӯз дар қароргоҳи ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ омада ва хостори афзоиши музди корашон шуданд. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Қанот Содиқов, вазири маориф ва илм, бо муаллимони норозӣ аз ноҳияи Ҷетиоғузи минтақаи Исиқкӯл мулоқот карда ва гуфтааст, ки ҳукумат масъалаи то 30 дар сад афзоиш додани музди кори омӯзгоронро баррасӣ мекунад. Маоши моҳонаи омӯзгорони макотиби таҳсилоти ҳамагонии Қирғизистон тақрибан 40 долларро ташкил медиҳад. Пештар аз ин ҳам омӯзгорони ноҳияҳои дигари Қирғизистон бо баргузории тазоҳурот хостори афзоиши музди корашон шуданд.
XS
SM
MD
LG