Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷаи Эрон аз мақомаш сабукдӯш шуд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаро аз мақомаш барканор кардааст. Дар фармони барканорӣ Маҳмуди Аҳмадинажод “аз заҳамоту хадамоти Манучеҳри Муттакӣ” ибрози қадрдонӣ карда, вале доир ба омилҳои барканории ӯ чизе нагуфтааст. Ба гузориши Радиои Фардо, Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эронро ба унвони сарпарасти вазорати умури хориҷа таъйин кардааст. Бино ба гузоришҳои пешини матбуоти Эрон, вакилони мардумӣ мехостанд, дар сурати эъмоли таҳримоти тозаи Созмони Милал алайҳи барномаҳои атомии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ аз мақомаш барканор шавад. Ба гуфтаи вакилон, ӯ барои ҳифзи мавқеъи Эрон дар арсаи байналмилал ба таври кофӣ қотеъ ва мутақоидкунанда нест.
XS
SM
MD
LG