Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуввияти бомбгузори Шветсия мушаххас шудааст


Додситонҳои Шветсия мегӯянд, ҳуввияти тарҳрези бомбгузориҳои рӯзи шанбе дар Стокҳолмро мушаххас кардаанд ва ӯ Таймур Абдулваҳоб, як ҷавони ироқитабори Шветсия будааст. Таймур Абдулваҳоби 28-сола, муддате ҳам дар Бритониё зиндагӣ кардааст. Ӯ соҳиби мошини бомбгузоришудае будааст, ки рӯзи шанбе дар маркази Стокҳолм мунфаҷир шуд ва чанд дақиқа баъд аз он ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифт. Бовар меравад, ки Таймур Абдулваҳоб худро мунфаҷир кардааст, ки бар асари ин таркиш ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Пулис гуфт, Таймур Абдулваҳоб, пеш аз анҷоми ҳамлаҳо бо ирсоли имейле талаби “ҷиҳод” кардааст. Пулиси Шветсия ин ҳамларо “амалиёти террористӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG