Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои нишасти нахустини Шӯрои ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон


Иттиҳодияи Аврупо аз давлати Тоҷикистон хостааст, талошҳояш барои муқобила бо фасодкорӣ ва беҳбуд бахшидан ба фазои сармоягузорӣ дар кишварро идома диҳад. Ин масъала дар нахустин нишасти Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Брюссел баргузор гашт, баррасӣ шудааст. Ҳайъати Тоҷикистонро дар нишаст, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа раҳбарӣ мекард. Дар баёнияи расмии Иттиҳодияи Аврупо омадааст, намояндагони иттиҳодия дар нишаст ба аҳамияти рушди демократия, волоияти қонун ва ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид кардаанд. Аз масъалаҳои муҳим ва мавриди баррасии амиқ, тақсими захираҳои оби Осиёи Марказӣ будааст, ки кишварҳои минтақа бар сари он ихтилофи амиқи назар доранд.
XS
SM
MD
LG