Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи нави пулиси Шветсия доир ба бомбгузориҳои Стокҳолм


Пулиси Шветсия имрӯз гуфт, марди муттаҳам ба тарҳрезии бомбгузориҳои рӯзи шанбе дар Стокҳолм, пеш аз анҷоми ҳамлаҳо бо ирсоли имейле талаби “ҷиҳод” кардааст. Сара Кварнстром, сухангӯи пулиси Швейтсия гуфт, зоҳиран марде, ки бо ирсоли имейл, ҳузури Шветсия даир ҷанги Афғонистонро ёдовар шуда ва баъди инфиҷор дар шаҳри Стокҳолм ҷон дод, як нафар аст. Бино ба гузоришҳои таъйидношуда, ин мард, як ироқитабори Шветсия будааст, ки дар ноҳияи Лютон воқеъ дар шимоли Лондон зиндагӣ ва таҳсил кардааст. Пулиси Бритониё хонаеро дар иртибот бо ҳамлаи интиҳорӣ ва инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар Стокҳолм кофтуков кардааст. Пулиси Шветсия ин ҳамларо “амалиёти террористӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG