Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтуков дар Ландан дар иртибот ба бомбгузориҳои Шветсия


Пулиси Бритониё мегӯяд, дар иртибот ба бомбгузориҳо дар Шветсия, ки як нафар кушта ва ду тан захмӣ бар ҷой гузоштанд, як хонаеро таҳқиқ кардааст. Аммо касе боздошт нашудааст ва моддаҳои хатарнокро низ пайдо накардаанд. Ҷустӯҷу дар шарқи Ландан ду рӯз баъд аз бомбгузориҳо дар шаҳри Стокҳолм сурат гирифт. Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ ва инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар рӯзи шанбе дар Стокҳолм, як нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузоришҳои таъйидношуда, марди кушташуда дар инфиҷор, як ироқитабори Шветсия будааст, ки дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекард. Пулиси Шветсия инфиҷорҳоро амалиёти терористӣ медонад.
XS
SM
MD
LG