Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоби «Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ»


Маҷмӯъи суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҷеъ ба варзиш дар китобе бо номи «Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ» ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ дар чопхонаи «Ҳоҷӣ Ҳасан»-и шаҳри Душанбе аз чоп баромад.

Китоби мазкур, ки бо сарпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба табъ расидааст, бо аксҳои ранга оро ёфта, бо теъдоди 1200 нусха нашр шудааст.

Дар ин китоб барои аввалин бор суханрониҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо сокинони манотиқи мухталифи кишвар, ҷавонони лаёқатманд, беҳтарин варзишгарону мураббиёни тоҷик ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии варзишӣ дар давоми солҳои 1997 - 2010 ҷамъ оварда шудааст.

Ин китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, кормандони соҳаи варзиш, муаррихону муҳаққиқон пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 20-уми декабри соли равон дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш бо иштироки аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вазорату кумитаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру навоҳии кишвар ва соҳибкорон барпо мегардад.

Китоби Эмомалӣ Раҳмон «Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ» ба ширкаткунандагони ин мулоқот тӯҳфа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG