Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як узви ҲИУ дар вилояти Суғд


Мақомоти интизомии вилояти Суғд мегӯянд, як нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои раёсати корҳои дохили вилояти Суғд, шахси боздоштшуда, сокинони 32 солаи ноҳияи Истаравшан Зафар Маҳмудов мебошад.

Мақомот мегӯянд ин Зафар Маҳмудов дар миёни ҷонибдорони ҲИУ бо лақаби Аҳмад ва Қорӣ Зафар низ маъруф аст ва бар асоси баёоноти шоҳидон ва аъзои зиндонишудаи ҲИУ боздошт шудааст.

Алайҳи Зафар Маҳмудов тибқи банди 187 қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне ташкили созмони ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Боздошти ин узви ҲИУ дар ҳолест, ки ахиран расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ аз фаъол шудани аъзои ҲИУ дар минтақа хабар медиҳанд.
XS
SM
MD
LG