Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳофизи халқии Тоҷикистон - Давлатҷони Муқим


Давлатҷони Муқим, ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 62 солагӣ баъди бемории тӯлонӣ дар шаҳри Қурғонтеппа аз олам даргузашт. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро аз шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда буд ва муддати чанд соли охир дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба сар мебурд. .

Давлатҷони Муқим аввал ба ҳайси ҳунарманди хонаи маданият, сипас дар дар театри халқӣ ва баъдан дар театри мусиқӣ ва мазҳакавии шаҳру вилояти Қурғонтеппа фаъолият кардааст.

Ба гуфтаи ёрону наздиконаш оқои Муқим зарфи чанд соли охир аз бемории бардавоми қанд ранҷ мекашид, ки билохира сабаби марги ӯ шуд.

Сурудаҳои "Губори дил", "Модар", "Муҳайяр", "Муноҷот", "Завқи дил", "Тамошо кун" аз ҷумлаи машҳуртарин офаридаҳои ҳунарии Давлаҷони Муқим мебошанд, ки то кунун аз сӯи ҳунармандон ва мардум замзама мешаванд.

Маросими ҷанозаи Давлатҷони Муқим имрӯз дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG