Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта ва ду захми дар таркишҳои пойтахти Шведсия


Мақомоти Шведсия ду таркиш дар пойтахти ин кишварро, ки як кушта ва ду захмӣ ба ҷой гузошт, ҷиноятҳои террористӣ хондаанд. Раиси хадамоти амниятии Шведсия гуфт, агар дарвоқеъ ин таркиш худкушона бошад, пас чизи наве барои Шведсия хоҳад буд.

Андерс Торнберг, раиси хадамоти амниятии Шведсия афзуд, ниҳоди ӯ ба таҳқиқи номае машғул аст, ки чанде пеш аз таркишҳо ба почтаи электронии созмони иттилоотии Шведсия ва хабаргузории ТТ Нюз фиристода шудааст:

"Ин як нома дар бораи як марде буд, ки аз таҳаввулот дар Шведсия ва ҳузури ҳарбии он дар кишварҳои дигар ва суханони бад дар бораи паёмбар ва ғайра розӣ набуд. Вале мо ин номаро ҳанӯз ҳам таҳқиқ мекунем, биноан пешопеш чизе беш аз ин гуфтан душвор аст."

Хабаргузории ТТ Нюз порчаҳое аз ин номаро мунташир кард, ки дар онҳо гуфта мешавад, сарбозони швед дар Афғонистонро таҳдидҳои марговаре интизор аст. Аммо ҷузъиёте наомадааст, ки ин чӣ таҳдидҳое хоҳад буд.

Шведсия дар Афғонистон 500 сарбоз дорад, ки дар ҳайати Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ифои вазифа мекунанд. Ҳузури онҳо дар Афғонистон якуми январи соли 2011 ба поён мерасад ва ҳамакнун порлумони Шведсия бояд бо тасвиби қарори махсус, ҳузури онҳо дар Афғонистонро тамдид кунад.

Дар паёми электронӣ ҳамчунин аз тасвирҳои танзомези паёмбари ислом Муҳаммад, ки наққоши швед Ларс Вилкс эҷод кард, шадидан интиқод шудааст. Мақомоти Шведсия дастикам як тарҳи сӯиқасд ба ҷони ӯро тасдиқ мекунанд.

Дар номаи электронӣ гуфта мешавад, "аъмоли муҷозотӣ алайҳи шумо то замоне, ки ҷанги зидди исломро қатъ накунед, аз масхараи паёмбар ва ҳимояти Вилкс даст накашед, идома хоҳад кард."

Сарвазири Шведсия, Фредерик Рейнфелдт гуфт, ҳукумат аз "ҷомеаи боз" ва демократяи дифоъ хоҳад кард. Вай ҳамчунин алайҳи ҳадсу тахминбозӣ ҳушдор дод ва гуфт, чунин аъмол "хатари эҷоди ташаннуҷро ба миён хоҳад овард."

Шведсия сатҳи омодагӣ ба ҳамлаи террористиро дар моҳи октябр аз рӯи ҷадвали панҷдараҷаӣ ба дараҷаи се бардошт. Гуфта мешуд, ин иқдом бино бар афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои муайян барои иҷрои тарҳҳои ҳамлаварона дар кишварҳои Скандинавӣ гирифта шудааст.

Аммо Торнберг, раиси хадамоти амниятии созмони иттилоотии Шведсия, SAPO, гуфт, бино бар ҳаводиси ахир, сатҳи омодагӣ тағйир накардааст, ҳарчанд таркишҳои шоми шанбе дар Стокҳолм ҳушмандии хадамоти амниятиро низ такон додаанд.
XS
SM
MD
LG