Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Мӯсавӣ дар бораи ифшогариҳои WikiLeaks


Раҳбари мухолифони Эрон мегӯяд, барқияҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида, ки Викиликс ифшо кардааст, баёнгари заъф ва инзивои афзояндаи Эронанд. Мирҳусейни Мӯсавӣ инро таҳдид ба кишвари хеш хондааст. Вай президент Маҳмуди Аҳмадинажодро дар сиёсатҳои сарсахтонае айбдор кард, ки Эронро дар вазъи осебпазире дар минтақа қарор медиҳанд. Дар асноди фишокардаи Викиликс гуфта мешавад, сарони мамолики араб, ба шумули шоҳи Саудия Амрикоро ба амалиёти ҳарбӣ зидди иншооти ҳастаии Эрон даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG