Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти тарафдорони Ходорковский дар Маскав


Наздик ба 1000 нафар дар Маскав ба тарафдорӣ аз соҳибкори маҳбус Михаил Ходорковский раҳпаймоӣ карданд. Ходорковский ва ҳамкори ӯ, Платон Лебедев бо иттиҳоми қаллобӣ ба 8 соли ҳабс маҳкум шудаанд, аммо интизори ҳукми нави додгоҳанд, ки айбномаи сирқати миллионҳо доллар аз фурӯши нафтро муҳокима мекунад. Тазоҳуркунандагон парвандаро "сиёсӣ" номида, ба истеъфои сарвазири Русия, Владимир Путин даъват карданд. Онҳо аз президент Дмитрий Медведев хостанд, ҳукми додгоҳро бозингарӣ кунад. Наздик ба 300 нафар бо айни шиорҳо дар Санкт-Петербург даст ба тазоҳурот заданд.
XS
SM
MD
LG