Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешсафии ҳизби Ҳошим Тачӣ дар интихоботи Косово


Бино бар натиҷаҳои "экзит пол" ё назарсанҷии ҳангоми хуруҷи раъйдиҳандагон, Ҳизби демократи Ҳошим Тачӣ бо 31 дарсади оро аз рақиби хеш, Лигаи демократии Косово пешгомтар аст. Агар натиҷаҳои ин назарсанҷии нахустин интихоботи порлумонии Косово аз замони эълони истиқлолияташ дар соли 2008 тасдиқ шаванд, Тачӣ барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ба кӯмаки аҳзоби дигар ниёз хоҳад дошт. Назарсанҷӣ, ки дар он раъйи зиёда аз 2000 нафар пурсида шуд, эҳтимолан то 2,5 дарсад иштибоҳ дошта бошад. Ҳарду ҳизб ба узвияти Косово дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, идомаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва муколама бо Сербия талош доранд.
XS
SM
MD
LG