Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳои Стокҳолм ба исломгароён рабт дода мешаванд


Хадамоти махфии Шведсия, SAPO, таркишҳои рӯзи шанбе дар маркази Стокҳолмро "ҷинояти террористӣ" номид. Андерс Торнберг, раиси хадамоти амниятии SAPO дар нишасти хабарӣ гуфт, таҳқиқи инфиҷорҳо дар фурӯшгоҳҳои пуриздиҳоми Стокҳолм зимни қонунҳои Шведсия оғоз шудааст. Торнберг афзуд, ниҳоди ӯ пеш аз таркишҳо номаи ҳушдордиҳандаи электронӣ гирифтааст:

"Ин як нома дар бораи як марде буд, ки аз таҳаввулот дар Шведсия ва ҳузури ҳарбии он даро кишварҳои дигар ва суханони бад дар бораи паёмбар ва ғайра розӣ набуд. Вале мо ин номаро ҳанӯз ҳам таҳқиқ мекунем, биноан пешопеш чизе беш аз ин гуфтан душвор аст."

Хабаргузориҳо мегӯянд, ин паём ба ҳузури ҳарбии Шведсия дар Афғонистон ва нашри тасвирҳои танзомези паёмбар Муҳаммад аз тарафи рассоми швед ишора мекунад. Аз таркишҳои шоми шанбе дар Стокҳолм як нафар, ки гуфта мешавад, бомбгузор буд, кушта ва ду раҳгузар маҷрӯҳ шудаанд. Торнамои Шумух-ул-ислом акси мардеро нашр кардааст, ки Темур Абдулваҳҳоб ном дошта, дар ин ҳамла "ба шаҳодат расидааст."
XS
SM
MD
LG