Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОМОН роҳи мухолифин сӯи шаҳрдории Маскавро баст


Дар майдони Пушкини шаҳри Маскав кормандони ОМОН роҳи намоишгаронеро, ки мехостанд аз тариқи хиёбони Твер сӯи шаҳрдории пойтахт ҳаракат кунанд, бастанд. Намоишгарон мехостанд дар канори шаҳрдори “Рӯзи ғазаб”-ро доир намоянд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, созмондиҳандаи “Рӯзи ғазаб” Сергей Удалсов аз сӯи кормандони милиса боздошт шудааст.
Дар гирдиҳамоӣ дар майдони Пушкин, ки баргузории онро шаҳрдорӣ иҷоза дода буд, тақрибан 500 нафар ширкат доштанд. Аз ин пеш вазорати умури дохилии Русия ҳушдор дода буд, ки кормандонаш аз баргузории ҳама гуна ҳамоишҳои бидуни иҷоза ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG