Пайвандҳои дастрасӣ

Стокҳолм сатҳи таҳдид ба амниятро боло набурд


Бо вуҷуди инфиҷорҳои дирӯза дар шаҳри Стокҳолм, мақомоти Шветсия сатҳи таҳдиди хатари амниятӣ ба кишварро боло набурданд. Аз ин пеш Хадамоти махфии Шветсия - SAPO ду инфиҷор дар пойтахтро ҳамлаи террористӣ арзёбӣ карда буд. Дар як нишасти хабарӣ Андерс Торнберг, раиси хадамоти амниятии SAPO, гуфт, ки "аз рӯи арзёбиҳои мо, он чӣ ба вуқӯъ пайваст, сатҳи таҳдиди хатари амниятиро дар Шветсия афзоиш намедиҳад. Вале мо пайгирии вазъро идома медиҳем".
Шоми рӯзи шанбе бар асари инфиҷори мошин дар яке аз хиёбонҳои серодами Стокҳолм ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Баъд аз чанд лаҳза дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса таркиши дуввум рӯх дод, ки мунҷар ба ҳалокати як марди ношинос гардид. Бархе расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки таркиши дуввумро маргталаб анҷом додааст.
Ба навиштаи хабаргузории маҳаллии ТТ, рӯзи шанбе кормандонаш номаеро дастрас кардаанд, ки дар он фарди ношинос барои ҳузури низомиёни Шветсия дар Афғонистон ва карикатурҳои Ларс Вилкс ба Паёмбари ислом ба ҳукумати Стокҳолм таҳдиди интиқом кардааст.
XS
SM
MD
LG