Пайвандҳои дастрасӣ

"Адриатик" дар соҳилҳои Исроил ғарқ шуд


Як киштии боркаши Молдова бар асари ҳавои номусоид дар соҳилҳои Исроил ғарқ шуд. Ёздаҳ маллоҳ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Украинаанд, наҷот ёфтанд - онҳоро як киштии боркаши Тайван аз баҳр берун кашид.
Киштии “Адриатик”-и Молдова чанд ҳазор тонна метал дошт. Гуфта мешавад, ки киштӣ 16 километр дуртар аз бандари Ашдоди Исроил сигнали SOS фиристод ва аммо то расидани киштиҳои кӯмакрасон ба коми баҳр фурӯ рафт.
XS
SM
MD
LG