Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шамсулвоизин ба 16 моҳи зиндон маҳкум шуд


Хабарнигори эронӣ Мошоллоҳ Шамсулвоизин бо иттиҳоми таҳқири раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ва “тахриби низоми исломӣ” ба 16 моҳи зиндон маҳкум шуд. Оғои Шамсулвоизин ба хабаргузории Франс-Пресс ташреҳ кард, ки ӯ барои мусоҳиба бо як телевизиони хориҷӣ ба як соли маҳбас маҳкум шудааст. Ҳамчунин додгоҳ барои он ки хабарнигор дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” Аҳмадинажодро “мубталои маризии худхоҳӣ” номидааст, ба ҳукм чаҳор моҳи дигар илова кардааст.
Хабарнигор тайи 20 рӯзи оянда метавонад аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи волотар шикоят барад.
Мошоллоҳ Шамсулвоизин раиси Анҷумани хабарнигорони Эрон аст. Ӯ сардабири чанд нашрияи нерӯҳои ислоҳотталаби кишвар буд, ки аз соли 1998 то соли 2000 аз сӯи мақомот баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG