Пайвандҳои дастрасӣ

Косово парлумони навро интихоб мекунад


Дар Косово раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ идома дорад. Интихобот ба парлумон бори аввал баъд аз берун шудани кишвар аз ҳайати Сербия ва эълони истиқлол доир мешавад.
Бар пояи назарпурсиҳо, Ҳизби демократи сарвазир Ҳошим Тачӣ ва Ҳизби “Лигаи демократии Косово”-и мири шаҳри Приштина Исо Мустафо барои пирӯзӣ шонсҳои тақрибан баробар доранд. Беш аз якуним миллион сокинони Косово бояд 120 вакили парлумонро интихоб кунанд. Даҳ курсии парлумон барои сербҳои Косово ҷудо шудааст ва аммо хабаргузориҳо навиштаанд, ки сербҳо интихоботро таҳрим кардаанд.
XS
SM
MD
LG