Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ба Ҳолбрук шифои комил таманно кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ба фиристодаи вижаи кишвар дар Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук таманнои шифои ҳарчӣ зудтар кард. Обама ин дипломатро, ки ахиран ҷарроҳии сангинро паси сар кардааст, яке аз шахсиятҳои калиди Кохи Сафед ва сиёсати берунаи Амрико номид. Ӯ афзуд, ки ҳамроҳ бо хонумаш Мишел барои шифои комили Ҳолбрук дуо мекунанд.
Ҳолбруки 69-сола дирӯз дар дафтари кораш дар вазорати умури хориҷӣ мариз шуд ва ӯро ба бемористон бурданд. Ҳолбрук яке аз тарроҳони созишҳои Дейтон аст, ки 15 сол пеш ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Боснӣ хотима гузошт.
XS
SM
MD
LG