Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як мард дар таркишҳо дар Стокҳолм


Шоми рӯзи шанбе бар асари инфиҷори мошин дар яке аз хиёбонҳои серодами Стокҳолм, пойтахти Шветсия, ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Баъд аз чанд лаҳза дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса таркиши дуввум рӯх дод, ки мунҷар ба ҳалокати як марди ношинос гардид. Бархе расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки таркиши дуввумро маргталаб анҷом додааст ва аммо масъулини полис инро тайид накардаанд. Улф Горанссон, сухангӯи полиси Стокҳолм дар бораи ин ҳодисаҳо ба забарнигорон гуфт, ки "тақрибан соати панҷи шом як мошин мунфаҷир шуд ва оташ гирифт. Баъд аз 15 дақиқа, сесад метр дуртар аз ҷойи ҳодиса, мо марди сахт маҷрӯҳшударо пайдо кардем. Маълум шуд, ки дар ин ҷо таркиши дуввум рӯх додааст ва марди маҷрӯҳ аз олам даргузашт".
Ба иттилоъи хабаргузории маҳаллии ТТ, рӯзи шанбе номае дастрас кардааст, ки дар он фарди ношинос барои ҳузури низомиёни Шветсия дар Афғонистон ва карикатурҳои Ларс Вилкс ба паёмбари ислом таҳдиди интиқом кардааст.
XS
SM
MD
LG