Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз соли 2011, Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои уламои маркази исломӣ ҳудуди шаст мавзӯъро барои имомхатибони масоҷиди кишвар пешниҳод мекунанд, то дар тӯли сол аз рӯйи ин мавзӯъҳо "амри маъруф" ва ё мавъиза ироа шавад.

Идибек Зиёев, масъули умури таҳсилоти динӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, ин феҳраст бештар аз мавзӯъҳои панду андарзӣ, эҳтироми волидон ва ҳаққи ҳамсояҳо иборат аст.

Мавзӯъҳо: панду андарзӣ, муайян ва пуртаъсир

“Ин рӯйихати махсуси мавзӯъҳост. Мавъиза бояд дар бораи як мавзӯъ бахшида шавад. Барои мисол, эҳтироми падару модар, дӯстиву рафоқат, дурӯғ нагуфтан. Яъне мавъиза самти муайян дошта, пуртаъсир бошад. Понздаҳ дақиқа вақте, ки имомхатибон пеш аз шурӯъи намоз доранд, ба мавзӯъҳои мухталиф набахшанду фақат дар бораи як мавзӯъ сӯҳбат кунанд. Мушаххастар сӯҳбат кунанд”,-афзуд ӯ.

Ба суоли мо дар ин бора, ки оё дар қатори мавзӯъҳои пешниҳодшуда, сӯҳбатҳо дар бораи мубориза бо ифротгароии динӣ ҳам вуҷуд дорад ё на,
оқои Зиёев гуфт, ки чунин масъалаҳо то ҳол дар ин феҳраст ҷо нагирифтааст.

Ҷойи ёдоварист, ки ин пешниҳод аз тарафи Кумитаи умури дин ва Шӯрои уламои маркази исломӣ таҳия шуда, то ҳанӯз мавриди баҳсу баррасии худи рӯҳониён қарор нагирифтааст.

То замони гирифтани чунин як тасмим, қисме аз рӯҳониён ва коршиносон мехостанд, ки давлат ҳарчӣ зуд масъалаи ироаи "амри маъруф"-ҳоро низ ба танзим дарорад ва як ҳамоҳангӣ миёни сӯҳбати рӯҳониён ва фатвои онҳо ба вуҷуд ояд.

"Ба дарди мардум намехӯрад"

Вале Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, якбора пешниҳод шудани 60 мавзӯъ барои як сол қобили қабул нест. Вай мегӯяд, беҳтар мебуд, ки ин мавзӯъҳо барои як ҳафта ва ё ҳадди ақалл барои як моҳ пешниҳод мешуданд.

“Ин дуруст нест, ки яксола ё шашмоҳа "амри маъруф"-ро тайёр карда, дар дасти мардум диҳанд. Дар ин байн ҳаводиси зиёд мешавад. Ниёзҳои мардум тағйир меёбад. Ин чизи шахшудамондааст, ки ба дарди мардум намехӯрад. Ақаллан, барои як моҳ ва ё як ҳафта бошад. Зеро чунин таҷриба дар дигар кишварҳо ҳастанд. Баъзе кишварҳое ҳастанд, ки ҳамин ҳафта мавзӯъро дар дасти имомхатибон медиҳанд. Ин ҳам бошад, лексия неву як чорчӯбаро медиҳанд, ки имомхатиб аз рӯйи он кор мекунад”,-илова кард ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Идибек Зиёев, онҳо бо пешниҳоди феҳрасти мавзӯҳо ҳадаф надоранд, ки имомхатибон аз рӯйи мавъизаҳои тайёр сӯҳбат кунанд. Балки ба гуфтаи вай, пешниҳоди онҳо мисли як дастурамал аст ва хислати тавсиявӣ дорад.

“Қисматҳои асосии хутба аз чӣ иборат аст, ба кадом мавзӯъҳо диққат додан лозим, хутба худаш чӣ аст, ҳолатҳои махсус, ки бояд дар бораи онҳо сӯҳбат шавад, ҳамааш ҷо дода шудааст. Ин хуб аст. Барои имомхатибҳо як дастурамали муфид барои пешбурди кори имоматияшон аст. Бахусус, дар рӯзи ҷумъа, ки одами зиёде ҷамъ меояд”,-гуфт оқои Зиёев.

Идибек Зиёев ҳамчунин мегӯяд, ҳоло беҳтар аст, аз миёни мавъизаҳое, ки дар китоби дуҷилдаи мавъизаҳо, ки аз забони арабӣ ба тоҷикӣ баргардон шудааст, "Дурратулвоъизин"-и Иброҳими Наққош, 52 мавъиза ба забони русӣ, беҳтарин мавъизаҳоро ҳамчун роҳнамо барои рӯҳониёни тоҷик пешниҳод кунанд.

Аммо Мулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди Қазоқон, мутмаин аст, ки ин феҳрасти мавзӯъҳо бештар ба он гурӯҳи рӯҳониёне дахл дорад, ки ё аз ӯҳдаи мавъиза кардан намебароянд ва ё ҳангоми ироаи мавъиза ба ҳар масъала дахл карда, ҳарфҳои дағал низ мегӯянд.

Нигаронии мақомот аз "амри маъруф"-ҳои бархе рӯҳониён

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон борҳо аз баёни "амри маъруф"-ҳои бархе аз рӯҳониёни тоҷик изҳори нигаронӣ карда, хостори баррасӣ ва ташхиси мавъизаи онҳо шудаанд.

Мақомот мутмаинанд, ки иддае аз рӯҳониён, ки шомили Шӯрои уламои маркази исломӣ нестанд, дар "амри маъруф"-ҳои худ ба масоили сиёсӣ ҳам даст зада, афроди алоҳидаро мавриди таҳқир ва бадгӯӣ қарор медиҳанд.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯяд, акнун рӯҳониён бояд барои пахшу нашр ва фурӯши дискнаворҳои мазҳабии худ аз ин ниҳоди расмии марбут ба умури дин иҷоза гиранд ва ё аввал "амри маъруф"-ҳои худро аз ташхиси диншиносӣ гузаронида, сипас, ба бозор бароранд.

Коре, ки ба назари коршиносон назорат аз болои сӯҳбати рӯҳониёнро, ки аз серхаридортарин сӯҳбатҳо дар ҳоли ҳозир аст, шадидтар мекунад ва намегузорад, ки ҳарфе берун аз хостаҳои мақомдорон дар масоҷид гуфта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG