Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади интиқоли гази Туркманистон ба Покистон ва Ҳинд


Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд санадеро ҷиҳати бунёди хати лӯлаи интиқоли гази Туркманистон аз Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд имзо карданд.Тибқи гузоришҳо, руасои ҷумҳурӣ Туркманистон, Покистон ва Афғонистон ба ҳамроҳи вазири энержии Ҳинд рӯзи шанбе дар Ишқобод ин тавофуқномаро ба имзо расониданд.

Идеяи эъдоси ин хати лӯлаи 1700 километрӣ нахустин бор дар соли 1995 матраҳ шуда буд, вале бо таваҷҷуҳ ба ҳокимияти Толибон дар Афғонистон ва ноамнии ин кишвар, имзои ин мувофиқатнома солҳо ба таъхир афтод.

Хати лӯлаи интиқоли гази Туркманистон ба Покистон ва Ҳинд, ки TAPI ном дорад, қарор аст солона 30 миллиард метри мукааб гази табииро аз майдони гази Давлатобод, воқеъ дар ҷануб-шарқӣ Туркманистон ба Ҳинд ва Покистон мунтақил кунад.

Дар ин миён давлати Афғонистон интизор дорад бо иҷрои ин тарҳ, ба даромади қобили таваҷҷуҳе аз тариқи дарёфти ҳаққи транзит даст ёбад.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ки барои ширкат дар маросими имзои мувафиқатномаи ёдшуда ба Ишқобод сафар карда буд бо баёни ин, ки тарҳи хати лӯлаи гази Туркманистон « аз аҳамияти бисёр болое бархурдор аст», ваъда додааст ки « муқаддамоти лозимро барои таъмини амнияти ин тарҳ дар ҳини иҷро ва пас аз такмили он анҷом диҳад»

Бо ин ҳол аз онҷое, ки қарор аст хати лӯлаи интиқоли гази Туркманистон аз тариқи бархе аз манотиқи ноором дар Афғонистон шомили вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор убур кунад, бархе аз коршиносон дар бораи амнияти ин тарҳ ибрози тардид кардаанд.

Ҳамчунин хати лӯлаи мавриди ишора қарор аст аз минтақаи Кувейта дар шимоли Покистон, ки дар моҳҳои гузашта шоҳиди нооромиҳое буд, убур кунад.

Осиф Али Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон низ, ки дар маросими имзои мувофиқатномаи эҳдоси хати лӯлаи гази Туркманистон ҳузур дошт дар суханоне бо баёни ин ки вай ба ин тарҳ эътиқод дорад гуфтааст: «Ин шабакаи газӣ сабаби ғалаба бар заъфи иқтисоди Покистон шуда ва ба беҳбуди мубориза бо бунёдгароён кӯмак мекунад.»

Туркманистон, ки панҷумин дорандаи бузурги захираҳои гази табии ҷаҳон ба шумор меравад илова бар имзои тавофуқномаи интиқоли гази худ ба Ҳинд ва Покистон, дар тарҳи интиқоли гази ҳавзаи дарёи Хазар ба Аврупо мушорикат дорад ва ба Эрон ва Чин низ газ содир мекунад.
XS
SM
MD
LG