Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нави Ереван ба Боку


Серж Саргисян, раисиҷумҳури Арманистон

Серж Саргисян, раисиҷумҳури Арманистон

Ереван ҳушдор дод, ки дар сурати шурӯъи амалиёти низомии нерӯҳои Озарбойҷон дар Қарабоғи кӯҳӣ, истиқлоли ин ҷумҳурии ҷудоихоҳро расман эътироф хоҳад кард. Ин матлабро Серж Саргисян, раисиҷумҳури Арманистон, баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав баён доштааст.

Ҷаноби Саргисян дар ин замина гуфтааст, ки “Арманистон ба таври қатъӣ мухолифи ҳалли низомии ин мушкил аст. Ва агар Озарбойҷон дасисаи нави низомиро оғоз кунад, Арманистон ба ҷуз эътирофи ҷумҳурии Қарабоғи кӯҳӣ ва таъмини амнияти мардуми он тавассути коргирӣ аз ҳама васоил, интихоби дигар нахоҳад дошт”.

Пазируфтани истиқлоли Қарабоғи кӯҳӣ барвақт аст?

Аз ин пеш Серж Саргисян эълом дошт, ки дар сурати амалиёти низомӣ алайҳи Қарабоғи кӯҳӣ, Боку ба зарбаи шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд. Изҳороти ахири раҳбари Арманистон дар ҳоле садо дод, ки парлумони кишвар пешниҳоди аҳзоби мухолиф барои эътирофи Қарабоғи кӯҳиро рад кард ва гуфт, ки ҳанӯз барои чунин тасмимгирӣ барвақт аст.

Қарабоғи кӯҳӣ аз соли 1994 ба ин сӯ, баъд аз хатми задухӯрдҳои шадид миёни нерӯҳои арманиву озарӣ, ки бар асари он тақрибан 30 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазори дигар фирорӣ шуданд, таҳти назорати нерӯҳои арманитабор қарор дорад. Тайи 16 соли баъди хатми низоъ, гоҳ-гоҳ дар марз даргириҳои кӯтоҳ рӯх медиҳанд, ки бар асари онҳо тақрибан 3 ҳазор нафари дигар ба ҳалокат расидаанд. Ин даргириҳо тайи ду соли ахир афзоиш ёфтанд.

То имрӯз Қарабоғи кӯҳӣ аз сӯи ҳеҷ кишвар расман эътироф нашудааст.

Боку аз талоши баргардонидани Қарабоғ даст намебардорад

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Озарбойҷони саршор аз захоири нафт ба таври ҷиддӣ талоши ба ҳайати худ баргардонидани Қарабоқи кӯҳиро дорад ва барои ин сармоягузории артишро сол то сол боло мебарад. Гуфта мешавад, ки дар буҷаи Озарбойҷон барои 2011, хароҷоти низомӣ назар ба як соли пеш 90 дар сад боло бурда шудааст.

Ҳамлаи низомиёни Озарбойҷон ба Қарабоғи кӯҳӣ ва ё аз сӯи Ереван расман эътироф шудани истиқлоли ин минтақаи ҷудоихоҳ талошҳои Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Фаронса барои ҳалли мусолиматомези ин низоъро барбод хоҳад дод. Ҳайатҳои ин се кишвар аз соли 1992 ба ин сӯ дар музокироти таҳти сарпарастии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо миёни Озарбойҷону Арманистон миёнҷигарӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG