Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи чаҳор кишвар барои бунёди лӯлаи интиқоли газ


Cарони Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дар нишасте дар шаҳри Ашқобод дар робита ба бунёди лӯлаи газ аз Туркманистон то қаламрави Ҳинд ба созиш расиданд.
Қимати тарҳи бунёди ин лӯлаи газ, ки маводи сӯхти Туркманистонро тавассути қаламрави Афғонистону Покистон ба Ҳиндустон интиқол медиҳад, ҳафту ним миллиард доллар ҳисоб шудааст. Қарор аст, ки бунёди лӯлаи гази тӯлаш 1700 километр то соли 2014 анҷом ёбад ва аммо ҳадс зада мешавад, ки шояд бар асари нооромиҳо дар Афғонистону Покистон мӯҳлати анҷоми корҳо ба таъхир уфтад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти Ашқобод бунёди ин лӯлаи газро чун омили субот барои кишвараш арзёбӣ намуд.
Туркманистон аз рӯи захоири гази табиӣ дар ҷаҳон дар мақоми чорум ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG