Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон, изҳор намуд, ки агар Озарбойҷон ба хотири ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳӣ аз нерӯи низомӣ кор бигирад, Ереван соҳибистиқлоли ин минтақаро эътироф хоҳад кард.Ӯ афзуд, ки Арманистон мухолифи аз роҳи низомӣ ҳал кардани низоъи Қарабоғи кӯҳӣ, минтақаи арманинишин дар қаламрави Озарбойҷон аст. Ба гуфтаи Саргсян, дар сурати шурӯъи амалиёти низомии Боку дар Қарабоғи кӯҳӣ мақомоти Арманистон ба ҷуз расман эътироф кардани худмухторӣ ва истиқлоли Қарабоғи кӯҳӣ ва дифоъ аз мардуми он чораи дигар нахоҳанд дошт. Изҳороти раисиҷумҳури Арманистон баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав садо дод.