Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайравони яҳудия дар Тоҷикистон бо фурӯзон кардани шамъ ҷашни Ҳанокаро таҷлил карданд. Онҳо мегӯянд, ин ҷашн дар қарни дуввуми пеш аз милод асос ёфтааст ва яҳудиён таҳти ҳар шароите то кунун ин идро таҷлил кардаанд.


Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён дар Душанбе, мегӯяд, дар қарни дуввуми пеш аз милод қаламрави Исроил аз тарафи нерӯҳои Искандари Мақдунӣ иҳота шуда буд ва пас аз ин яҳудиёнро нагузоштаанд, ки аз дини худашон пайравӣ кунанд, Таврот бихонанд ва намоз бигузоранд.
Ҳанока - ҷашни рӯшноӣ

Хохоми канисаи яҳудиён дар Душанбе, афзуд, юнониҳо талош кардаанд, ки ҷои қурбонгоҳи яҳудиёнро низ тахриб ва ибодатгоҳи онҳоро бо куштани хук ҳаром гардонанд.

Оқои Абдураҳмонов мегӯяд: “Баъд аз ин, Мататяҳо бо панҷ писари худ алайҳи лашкари юнониҳо сар бардоштанд ва ба озод кардани қаламрави Исроил аз иҳотаи онҳо шурӯъ карданд. Ба ин тартиб, онҳо тавонистанд, ки нуфузи худ ва озодии дину ибодаташонро ба даст оранд. Ин ҷанбаи муҳими таърихии ҷашни Ҳанока аст.”

Паҳлӯи дигари ин ҷашн марбут ба оташу рӯшноӣ аст ва оқои Абдураҳмонов мегӯяд, Ҳанокаро яҳудиён ҷашни нур ва рушноӣ ҳам меноманд.

Оқои Абдураҳмонов мегӯяд: “Пас аз ин, ки ибодатгоҳ тоза карда шуд, бояд яҳудиён рӯғани зайтунро оташ мегиронданд. Аммо рӯғанро юнониҳо ҳаром гардонида буданд. Вале яҳудиён қутии рӯғанеро пайдо карданд, ки аз рӯи ҳаҷмаш фақат барои як шаб кофӣ буд. Яҳудиён ин рӯғанро оташ гиронданд, то пайвандашон бо Худо бурида нашавад. Аммо бовар кунед, ки ин рӯған барои ҳашт рӯз расид. Барои ҳамин ин ҷашни нур ҳам ҳаст.”

Бо ишора ба ин, яҳудиён ҳангоми таҷлил аз иди Ҳанока шамъ мегиронанд ва дар тӯли ҳашт рӯз ҳашт шамъро дар шамъдон мегузоранд.

Михаил Абдураҳмонов мегӯяд, Ҳанока барои яҳудиён ҷашни сурур ҳам аст ва дар тӯли ҳашт рӯзи ин ид онҳо ба меҳмонии ҳамдигар мераванд, гирди дастархон менишинанд ва хушҳолӣ мекунанд.

"Ҳанока дар канисаи нав"

Ҳангоми таҷлил аз ҷашни Ҳанока мо низ ба канисаи яҳудиён, воқеъ дар шаҳри Душанбе рафтем.

Дар он ҷо як гурӯҳи яҳудиён ба таҷлили ин ид омодагӣ медиданд, ки солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор кардаанд.

Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён дар Душанбе
Сайёра — апа, ки акнун синнаш аз шаст гузоштааст, мегӯяд, таҷлили ҷашни Ҳанокаро аз модари худ омӯхтааст.

Ӯ меафзояд: “Хурд будам, ки модарам дар хона шамъ гиронда, ин идро ҷашн мгеирифтанд. Хӯрокҳои мухталфи пӯхта, ба мо медоданду барои бачаҳо шириниҳо мехриданд. Ид ид аст, хурсандӣ мекардем”.

Сайёра — апа мегӯяд, онҳо дар остонаи ҷашни Ҳанока омодагӣ мебинанд ва бештар хӯрокҳои лазизу мутафовит таҳия мекунанд.

Ӯ мегӯяд: “Гӯштбирён мекунем, дулма мекунем, палави махсус бо кабудӣ мекунем. Кулча мепазем. Чӣ қадар қудрат дорем, ба ҳамон андоза ин идро ҷашн мегирем.”

Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён низ мегӯяд, онҳо дар ҷашни Ҳанока бештар кӯшиш мекунанд, он хӯрокҳоеро таҳия кунанд, ки рӯған дошта бошад.

Аммо Писар Бақоев, яке дигар аз пайравони яҳудия дар Тоҷикистон, ки падару модараш аз яҳудиёни Самарқанд мебошанд, мутмаин аст, ки Ҳанока бештар лаҳзаи ёдоварӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштагони яҳудия аст.

Оқои Бақоев мегӯяд, онҳо кӯшиш мекунанд, то ҳар яҳудиро аз хурдӣ барои таҷлил аз ин ид омода кунанд ва ҳатман ҳангоми хондани дуо онҳоро дар назди худ нигоҳ доранд.

Ӯ мегӯяд: “Одамоне, ки гузаштаанд, аз сари анв бюа ёд меорем. Дар хоан ҳам чароғ мемонем. Ҳамавақт бояд ба ёд оварӣ. Бачаҳои мо, духтарони мо низ бояд инро донанд, ки ҳар сол дар мо чунин аст, баъд азф авти мо бояд донанд. Ки ҳаминҳо низ моро бояд кунанд”.

Пайравони яҳудия мегӯянд, солҳост, ки дар Тоҷикистон ҷашни Ҳанокаро таҷлил мекунанд.

Вале ба гуфтаи онҳо, азбаски дар Тоҷикистон маҳаллаи хоси яҳудиён нест ва шумораи онҳо камтар мешавад, яҳудиён наметавонанд, ки онро дар шакли васеътаре иҷро кунанд.

"Ҳанока дар замони шӯравӣ пинҳонӣ таҷлил мешуд"

Сайёра-апа, яке аз пайравони яҳудия мегӯяд, то ҳоло рангу бӯйи Ҳанока накостааст ва ҳатто онҳо дар даврони Шӯравӣ, ки як нерӯи динзудо буд, ҷашни ҳанокаро дар манзилашон таҷлил мекарданд.

Аммо Михаил Абдураҳмонов мегӯяд, дар собиқ Шӯравӣ таҷлили рӯирости ҷашни Ҳанока, ба унвони як ҷашни мазҳабӣ, албатта, ғайримумкин буд.
Ба гуфтаи вай, яҳудиён пеш аз таҷлили ин ид дар бораи баргузории Ҳанока ба ҳукумат нома менавиштанд ва танҳо пас аз дарёфти ҷавоби расмӣ дар каниса ҷамъ меомаданд.

Бо ин ҳол, яҳудиёни Тоҷикистон имсол дар шароите ҷашни Ҳанокаро таҷлил карданд, ки то ҳол канисаи онҳо расман ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.

Канисаи кӯҳна ва нави яҳудиёни Душанбе

Агарчӣ масъулони канисаи яҳудиён аз тавзеҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд, вале мавзӯъ ба қайди манзиле рабт мегирад, ки онро Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси раиси ҷумҳур дар соли 2009 ба унвони каниса ба яҳудиёни Тоҷикистон тӯҳфа кард.

Соли 2008 шаҳрдории Душанбе канисаи яҳудиёнро, ки ба бовари пайравони ин дин дар охири қарни 19 сохта шуда ва сад сол умр дошт, дар маркази шаҳри Душанбе тахриб карданд.

Шаҳрдории Душанбе ба ивази канисае, ки дар маркази пойхати Тоҷикистон тахриб кард, ба яҳудиён пешниҳод дод, ки дар як канор шаҳр барои онҳо ҷой хоҳад дод. Вале яҳудиён ҷои дигарро танҳо барои он ки аз марказ дур аст, қабул накарданд.

Баъд аз ин, дар соли 2009 Ҳасан Асадуллозода ба яҳудиён дар маркази пойтахти Тоҷикистон манзилеро тақдим кард ва нахустин шаббот э намози вижаи яҳудиён дар канисаи нав гузошта шуд.

Михаил Абдураҳмонов мегӯяд, онҳо дар минтақаи шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд низ як каниса доранд, ки ҳоло амал намекунад. Вай мегӯяд, феълан танҳо дар худи шаҳри Душанбе то 250 тан аз пайравони яҳудия зиндагӣ ва кор мекунанд.

Аммо гуфта мешавад, то оғози даргириҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳудуди 12 ҳазор пайрави яҳудия ба сар мебурданд, ки аксарияти онҳо дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз кишвар берун рафтанд ва ҳоло дар Амрикову Исроил ва кишварҳои дигар умр ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG