Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Чин ба маросими Ҷоизаи сулҳи Нобел


Ҷоизаи сулҳи Нобел дар маросиме дар Осло расман ба дигарандеши чиноӣ Лю Сябо тақдим гардид. Аммо худи ӯ дар ин маросим ширкат надошт ва як курсии холию аксаш аз ӯ намояндагӣ мекард. Лю пас аз даъватҳо ба ислоҳоти низоми сиёсӣ бо иттиҳоми талош ба сарнагун кардани давлат ба мӯҳлати 11 сол зиндонӣ шудааст. Мақомоти Чин маросимро як "маҳзака" ва мудохила дар умури кишвари хеш номиданд. Дар арафаи он ҳамсари Лю гирифтори ҳабси хонагӣ ва даҳҳо дигарандеш зиндонӣ шуданд. Аммо раиси кумитаи Нобел Турбёрн Йагланд гуфт, Лю барои бисёриҳо Нелсон Манделаро ба ёд меорад ва ақидаҳои ӯ дар дарозмуддат ба таҳкиму пешрафти Чин хидмат хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, изҳори таассуф кард, ки худи Лю наметавонад дар маросим ширкат варзад ва аз Чин даъват намуд, ӯро ҳарчӣ зудтар озод кунанд.
XS
SM
MD
LG