Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Молдова бознигарӣ мешаванд


Додгоҳи Қонуни асосии Молдова имрӯз ба бозшумории орои интихоботи порлумонии 28-уми ноябр дастур дод. Ҳукми додгоҳ бо талаби Ҳизби коммунисти Молдова содир шуд, ки мегӯяд, дар раъйдиҳӣ пирӯзии густарда ба даст овардааст. Коммунистон дар ҳоли ҳозир дар порлумон 42 вакил ва эътилофи мухолифони онҳо 59 вакил дошта, танҳо дар сурате метавонанд, президенти навро муайян кунанд, ки агар 61 вакил медоштанд. Ҳоло Кумиссюни марказии интихоботӣ ҳафт рӯз дорад, ки ҳамаи баргаҳои раъйро бозшуморӣ кунад.
XS
SM
MD
LG