Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Горбачев аз омилҳои таҳдид ба эътидоли Русия


Раҳбари пешини шӯравӣ, Михаил Горбачев мегӯяд, равишҳои зиддидемократӣ ба эътидоли кишвар таҳдид мекунанд. Вай афзуд, интихоботи тақаллубӣ, маҳдуд шудани озодии матбуот, фасоди фарогир ва набуди сабқати сиёсӣ рушди Русияро боздоштаанд. Горбачев аз сарвазир Путин ном набурд, вале гуфт, равандҳои манфӣ дар солҳои 2005-2006, давраи дувуми раёсатҷумҳурии Путин зоҳир шуданд. Горбачев афзуд, президент Дмитрий Медведев моҳи гузашта дуруст кард, ки дар бораи аломатҳои рукуди сиёсӣ дар кишвар ҳушдор дод. Аммо аз Медведев ҳам интиқод кард, ки роҳҳои беҳбуди вазъро нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG